Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад
https://sputnik.tj/20260929/andozro-suporu-osuda-bikhob-amaliyoti-vizhai-bda-1080793214.html
“Андозро супору осуда бихоб”: амалиёти вижаи БДА
“Андозро супору осуда бихоб”: амалиёти вижаи БДА
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад
2026-09-29T14:05+0500
2026-09-29T14:05+0500
2026-09-29T17:15+0500
дар тоҷикистон
вкд
бда
рейд
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1d/1080791972_0:286:3067:2011_1920x0_80_0_0_9135d9def748e641f66f87e4e59af6e2.jpg
Душанбе, 29 сент — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон як амалиёти вижа бо номи шартиро барои ронандагон роҳандозӣ кардааст.Зоҳиран фирори ронандагон аз пардохти андоз, ин ниҳоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро нигарон кардааст.Бино бар иттилооте, ки аз Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифта, ин ниҳод мутобиқи барномаи иқдомоти ҳадафманд бо номи шартии “Назорат”, аз 25 сентябр то 5 октябри 2026 амалиёти "Муоинаи фаннӣ"-ро роҳандозӣ кардааст.Бино бар таҳлилҳои ин ниҳод аз вазъияти мавҷуд, дар ҳашт моҳу 22 рӯзи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ танҳо 66,5 дарсади васоити нақлия ба муоинаи иҷбории фаннии давлатӣ ҷалб шудаанд.“Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди иттихози тадобири лозим, мизони ҷалби васоити нақлия ба муоинаи иҷбории фаннии давлатӣ ва беҳбуди вазъияти онҳо дар ин замина, посухгӯи талабот нест,” - гуфт манбаъ.Бино бар ин, чунин иқдоме бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз садамаҳои марбут ба нуқси фаннӣ, ҷалби комили васоити нақлия ба муоинаи фаннии давлатӣ, беҳбуди вазъияти фаннии онҳо, ҷамъоварии маблағи таъйиншудаи молиёт аз моликони васоити нақлия ва ҳамчунин ҷамъоварии ҳазинаи нобудсозӣ (утилизатсия)-и васоити нақлияи моторӣ, ба мавқеъ ва зарурӣ дониста мешавад.Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад.Илова бар ин, барои такмили мароҳили қонунии тараддуди як василаи нақлия, ҳазинаи талон (70 сомонӣ), диагностик (360 сомонӣ), озмоиши газҳои хуруҷӣ (60 сомонӣ), бима (290 сомонӣ), гувоҳии тиббӣ (65 сомонӣ) ва молиёти васоити нақлия (675 сомонӣ) низ афзуда мешавад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/60989
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
1920
1080
true
1920
1440
true
1920
1920
true
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Sputnik Тоҷикистон
дар тоҷикистон, вкд, бда, рейд, нақлиёт
дар тоҷикистон, вкд, бда, рейд, нақлиёт
14:05 29.09.2026 (Навсозишуда: 17:15 29.09.2026)
Обуна шудан
Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад
Душанбе, 29 сент — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон як амалиёти вижа бо номи шартиро барои ронандагон роҳандозӣ кардааст.
Зоҳиран фирори ронандагон аз пардохти андоз, ин ниҳоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Бино бар иттилооте, ки аз Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифта, ин ниҳод мутобиқи барномаи иқдомоти ҳадафманд бо номи шартии “Назорат”, аз 25 сентябр то 5 октябри 2026 амалиёти "Муоинаи фаннӣ"-ро роҳандозӣ кардааст.
“Ҳайати шахсии хадамоти БДА масъулияти ин корзорро барои шиносоӣ ва ҷилавгирӣ аз мавориди истифода аз васоити нақлияе, ки дар муҳлатҳои таъйиншуда муоинаи фаннии давлатиро сипарӣ накардаанд, ба уҳда хоҳанд дошт,” - гуфт манбаъ.
Бино бар таҳлилҳои ин ниҳод аз вазъияти мавҷуд, дар ҳашт моҳу 22 рӯзи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ танҳо 66,5 дарсади васоити нақлия ба муоинаи иҷбории фаннии давлатӣ ҷалб шудаанд.
“Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди иттихози тадобири лозим, мизони ҷалби васоити нақлия ба муоинаи иҷбории фаннии давлатӣ ва беҳбуди вазъияти онҳо дар ин замина, посухгӯи талабот нест,” - гуфт манбаъ.
Бино бар ин, чунин иқдоме бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз садамаҳои марбут ба нуқси фаннӣ, ҷалби комили васоити нақлия ба муоинаи фаннии давлатӣ, беҳбуди вазъияти фаннии онҳо, ҷамъоварии маблағи таъйиншудаи молиёт аз моликони васоити нақлия ва ҳамчунин ҷамъоварии ҳазинаи нобудсозӣ (утилизатсия)-и васоити нақлияи моторӣ, ба мавқеъ ва зарурӣ дониста мешавад.
Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад.
Илова бар ин, барои такмили мароҳили қонунии тараддуди як василаи нақлия, ҳазинаи талон (70 сомонӣ), диагностик (360 сомонӣ), озмоиши газҳои хуруҷӣ (60 сомонӣ), бима (290 сомонӣ), гувоҳии тиббӣ (65 сомонӣ) ва молиёти васоити нақлия (675 сомонӣ) низ афзуда мешавад.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Мақомоти Суғд дар бораи рафти ҷамъоварии пахта гуфтанд: 90% дастӣ чида мешавад | 0 | 8.87 | 30-09-2026 |
| 2 | Сунъий интеллектга асосланган дастурий маҳсулотларнинг ягона реестри яратилади | 0 | 10.91 | 25-09-2026 |
| 3 | Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард | 0 | 13.77 | 29-09-2026 |
| 4 | Сохтмони манзил дар Тоҷикистон қариб ба миллион метри мураббаъ расид: Суғд пешсаф | 0 | 7.35 | 29-09-2026 |
| 5 | Слепнев: Модели иқтисодии ИИАО пояи устувор дорад | 0 | 8.19 | 27-09-2026 |
| 6 | Баррасии технологияи рақамӣ: Душанбе раҳбарони ниҳодҳои алоқаи барқии ИДМ-ро гирд овард | 0 | 10.83 | 30-09-2026 |
| 7 | Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хоруғ дар панҷ соли охир 50% афзоиш ёфтааст | 0 | 9.8 | 28-09-2026 |
| 8 | Қатар дар муколамаи ИМА ва Эрон ба пешрафт ноил нашуд - ВАО | 0 | 7.43 | 30-09-2026 |
| 9 | Арақчӣ гуфт, ки Эрону Қатар роҳи ҳалли низоъ дар Шарқи Наздикро баррасӣ карданд | 0 | 6.85 | 29-09-2026 |
| 10 | Суръати интернети дар Тоҷикистон панҷ маротиба афзоиш ёфтаст | 0 | 8.26 | 30-09-2026 |