Дар Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ, ки дар Санкт-Петербурги РУсия баргукзор шуд, вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои ИДМ баррасӣ гардид
https://sputnik.tj/20260926/tojikiston-rushdi-hamkori-dujoniba-rusiya-muhojirat-ahamiyat-1080728381.html
Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Русия, дар самти муҳоҷират аҳамияти хоса медиҳад
Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Русия, дар самти муҳоҷират аҳамияти хоса медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ, ки дар Санкт-Петербурги РУсия баргукзор шуд, вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои ИДМ баррасӣ гардид
2026-09-26T15:46+0500
2026-09-26T15:46+0500
2026-09-28T12:41+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
санкт-петербург
ҳамкорӣ
намояндагии вазорати меҳнат дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1c/1080769499_55:67:1135:675_1920x0_80_0_0_bce08a00d4e57fc3562c15679302e986.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Ахиран дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30 – юмини Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.Дар кори ҷаласаи мазкур ғайр аз намояндагони мақомоти Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки ба салоҳияти онҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират дохил мешавад, ҳамчунин губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ва дигар ниҳодҳои ИДМ ва АвруОсиё иштирок намуданд.Тоҷикистонро Норзода Шариф - муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Азимӣ Дилрабо – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ намуданд.Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилии Русия – сардори Хадамоти муҳоҷиратии ВКД Русия Андрей Кикот иброз дошт, ки дар шароити имрӯза, ҳамоҳангӣ, ҳамкории конструктивӣ ва табодули таҷриба ба мисли ҳамеша муҳим буда, барои ташаккули низоми мутаносиб ва самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират дар фазои Иттиҳод зарур мебошад.Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои ИДМ баррасӣ гардида, тағйиротҳо дар самти қонунгузории миллӣ оид ба равандҳои муҳоҷират, таҷрибаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ барои таъмини амният ва назорати равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла муайянкунии биометрии шахсият бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои назорати видеоиро мавриди муҳокима қарор доданд.Намояндаи Тоҷикистон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Норзода Шариф зимни суханрониаш гуфт, ки барои Тоҷикистон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа аҳамияти хоса медиҳем.Қайд карда шудааст, ки дар кори ҷаласаи мазкур аз ҷониби иштирокдорони кишварҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор дар бораи самтҳои баррасишаванда қабул гардид.
https://sputnik.tj/20260804/maqomoti-tojikiston-shahrvandon-muhojirat-khorij-kasb-1079438106.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
1920
1080
true
1920
1440
true
1920
1920
true
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
252
60
Sputnik Тоҷикистон
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, санкт-петербург, ҳамкорӣ, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, санкт-петербург, ҳамкорӣ, намояндагии вазорати меҳнат дар русия
15:46 26.09.2026 (Навсозишуда: 12:41 28.09.2026)
Обуна шудан
Дар Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ, ки дар Санкт-Петербурги РУсия баргукзор шуд, вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои ИДМ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Ахиран дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30 – юмини Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳо – иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур ғайр аз намояндагони мақомоти Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки ба салоҳияти онҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират дохил мешавад, ҳамчунин губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, ва дигар ниҳодҳои ИДМ ва АвруОсиё иштирок намуданд.
Тоҷикистонро Норзода Шариф - муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Азимӣ Дилрабо – роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилии Русия – сардори Хадамоти муҳоҷиратии ВКД Русия Андрей Кикот иброз дошт, ки дар шароити имрӯза, ҳамоҳангӣ, ҳамкории конструктивӣ ва табодули таҷриба ба мисли ҳамеша муҳим буда, барои ташаккули низоми мутаносиб ва самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират дар фазои Иттиҳод зарур мебошад.
“Вобаста ба ин Шӯро бояд ҳамеша абзори фоиданоки таъмини субот ва амнияти минтақавӣ боқӣ монада, ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ сари вақт вокуниш нишон диҳад”, - гуфт Кикот.
Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷиратӣ дар фазои ИДМ баррасӣ гардида, тағйиротҳо дар самти қонунгузории миллӣ оид ба равандҳои муҳоҷират, таҷрибаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ барои таъмини амният ва назорати равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла муайянкунии биометрии шахсият бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои назорати видеоиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Намояндаи Тоҷикистон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Норзода Шариф зимни суханрониаш гуфт, ки барои Тоҷикистон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа аҳамияти хоса медиҳем.
“Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Русия, ки яке аз шарикони асосӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, аҳамияти хоса дода, дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии зарурӣ ба тасвиб расонида шудааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва танзими раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ду кишвари стратегӣ заминагузорӣ менамоянд”, - гуфт мақомдори тоҷик.
Қайд карда шудааст, ки дар кори ҷаласаи мазкур аз ҷониби иштирокдорони кишварҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор дар бораи самтҳои баррасишаванда қабул гардид.
| # | Наименование новости | Тональность | Информативность | Дата публикации |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Русия афзоиш медиҳад | 0 | 8.4 | 24-09-2026 |
| 2 | Ҳамкориҳоигумрукии Тоҷикистону Русия тақвият меёбанд | 0 | 8.92 | 25-09-2026 |
| 3 | Таъсиси корхонаи муштараки Душанбеву Маскав: Меваҳои тоҷикӣ ба Русия бештар содир мешавад | 0 | 9.15 | 24-09-2026 |
| 4 | Чаро Русия ба матоъҳо ва риштаҳои тоҷикӣ таваҷҷӯҳ дорад? Видео | 0 | 8.62 | 24-09-2026 |
| 5 | Муҳоҷирони тоҷикро дар Русия даъват карданд, ки ба худомӯзӣ машғул шаванд | 0 | 9.27 | 29-09-2026 |
| 6 | Тоҷикистон бори аввал дархост барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард | 0 | 8.86 | 27-09-2026 |
| 7 | Оркестри марказии низомии Вазорати дифои Русия дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард – видео | 0 | 7.9 | 27-09-2026 |
| 8 | Баррасии технологияи рақамӣ: Душанбе раҳбарони ниҳодҳои алоқаи барқии ИДМ-ро гирд овард | 0 | 10.83 | 30-09-2026 |
| 9 | Душанбе ба Боку таъсиси долони сабзи рақамӣ аз Осиё то Аврупо пешниҳод кард | 0 | 6.14 | 27-09-2026 |
| 10 | Дар Душанбе имконоти сайёҳӣ ва таълимии Русия муаррифӣ шуд: видео | 0 | 5.8 | 25-09-2026 |